Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод мулоқоти ҳастаиро "таҳқиромез" номид


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон мулоқоти раҳбарон роҷеъ ба амнияти ҳастаиро, ки имрӯз дар Вошингтон шурӯъ мешавад, барои башарият таҳқиромез арзёбӣ кард. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мизбонии ин ҳамоишро бар ӯҳда дорад. Дар ин ҳамоиш бештар ба масъалаҳои ҷилавгирӣ аз терроризми ҳастаӣ тамаркуз мекунанд, вале раҳбарони ҷаҳон ҳамчунин мехоҳанд пешниҳоди Обамаро дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди барномаҳои ҳастаии Эрон баррасӣ кунанд. Руасои ҷамоҳир ва нахуствазирони 47 кишвар дар мулоқоти Вошингтон ширкат мекунанд. Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба ин мулоқот даъват нашудаанд.
XS
SM
MD
LG