Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев мехоҳад ба мардум муроҷиат кунад


Сафири Қирғизистон дар Русия Раҳимқул Атоқулов гуфтааст, ки бо раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев гуфтугӯи телефонӣ дошт. Ба гуфтаи сафир, Боқиев гуфтааст, ки ба сурати расмӣ истеъфо надодааст ва қасд дорад, дар ояндаи наздик бо як паёми хос ба мардуми Қирғизистон муроҷиат кунад.
Дар посух ба ин суол, ки Боқиев дар куҷост, Атоқулов тахмин задааст, ки ӯ дар ҷануби Қирғизистон қарор дорад.
Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯби дирӯзаи мардум тарки Бишкек кард. Мухолифини ӯ як кумитаи муваққати иҷроия таъсис дода, гуфтаанд, ки умури давлатро бар ӯҳдаи худ мегиранд.
XS
SM
MD
LG