Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми мардикорони тоҷик ба 50 дарсад расидааст


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши махсуси иқтисоди Русия омореро низ нашр кардааст, ки мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик солона ба ватан маблағи муодили қариб 50 дарсади маҷмӯъи даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро мефиристанд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ саҳми мардикорон дар иқтисоди Тоҷикистонро ба 36 дарсади маҷмӯъи даромади дохилии ин кишвар баробар карда буд.
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши наваш гуфтааст, муҳоҷирони корӣ ва пуле, ки онҳо ба ватан таҳвил мекунанд, ба таҳкими равоити иқтисодӣ миёни Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ мусоидат мекунад. Солона то 1 миллион нафар аз атбоъи Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзӣ қасди хориҷа ва умдатан Русия мекунанд.
XS
SM
MD
LG