Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин фишори хориҷӣ ба қурби юанро беҳуда медонад


Сарвазири Чин Вен Ҷибао дар як нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми иҷлосияи солонаи парлумони ин кишвар гуфт, Пекин фишори хориҷӣ ба манзури боло бурдани арзиши пули миллии кишварашро бефоида медонад ва юанро асосан дар ҳоли субот нигоҳ хоҳад дошт. Бисёре аз қонунгузорони амрикоӣ аз ин норозианд, ки қурби юан дар сатҳи назар ба арзиши аслиаш 40 дарсад пойинтар нигоҳ дошта мешавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ гуфтааст, барои Чин муҳим аст, ки қурби юанро бештар бар асоси нархи бозор таъйин кунад.
XS
SM
MD
LG