Ду зан аз Афғонистон ва як зани дигар аз Эрон имсол дар байни даҳ зани ҷаҳон аз барандагони Ҷоизаи байнулмилалии ҷасорати зан шуданд, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис додааст. Шукрия Осаф, узви шӯрои маҳаллӣ ва Шафиқа Қурайшӣ аз Вазорати умури дохилии Афғонистон ва ҳамчунин ҳомии ҳуқуқи инсон аз Эрон Шодии Садр барои ҷасорат ва пешсафии истисноӣ дар ҳифзи ҳуқуқи занон ба ин ҷоиза сазовор дониста шуданд. Садр, ҳуқуқшинос ва журналист се сол пеш ҳангоми тазоҳуроти занон боздошт шуда буд. Ӯро ҳамчунин дар робита ба эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон низ ба ҳабс гирифтанд. Ҳоло ӯ дар Олмон ба сар мебарад.