Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти Амрико


Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, бо чанде аз мақомоти баландпояи Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Вашингтон мулоқот кардааст. Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дирӯз бо Ричард Ҳолбрук – фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида дар умури Афғонистону Покистон, шеваҳои истиқрори субот дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Дар мулоқоти дигаре, бо Бенҷамин Кардин сенатори амрикоӣ ва раиси кумиссиюни махсуси Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Ҳамроҳхон Зарифӣ ваъда додааст, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон бар асоси қонун ва шаффофу одилона баргузор хоҳад шуд. Ҳамроҳхон Зарифӣ - барои ширкат дар машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико ба Вашингтон сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG