Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз таъқиби хабарнигорон дар Узбакистон


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз мақомоти Узбакистон даъват кард, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима гузоранд. Дар номаи намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ унвонии вазири умури хориҷаи Узбакистон Владимир Норов омадааст, ки “вақтҳои ахир бар асари ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ садои бисёр хабарнигорони мустақил хомӯш гардид”. Дар номаи Миклош Ҳарастӣ, аз ҷумла, ба қазияи хабарнигори маҳкумшуда Солиҷон Абдураҳмонов, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард ва таъқиби ду хабарнигори дигар, аз ҷумла, шореҳи маъруфи варзиш Хайрулло Ҳомидов, ишора шудааст.
XS
SM
MD
LG