Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Гейтс ба имкони оштии Кобул бо Мулло Умар


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар роҳи парвозаш ба Ҳинд ба хабарнигорон гуфтааст, шубҳа дорад, ки раҳбари Толибон Мулло Умар бо давлати Афғонистон сулҳ кунад. Гейтс бо ин ҳол ҷараёни оштиву ҳамоиш бо ҷангиёни толибро барои таъмини субот дар Афғонистон муҳим хонд.
Давлати Афғонистон ахиран барномаеро пешниҳод кард, ки ба ҷангиёни толиб дар ивази гузоштани силоҳ ҷойҳои кор, барномаҳои омӯзиши касб ва як силсила имтиёзоти иқтисодиро пешниҳод мекунад. Аммо Роберт Гейтс гуфт, Мулло Умар ва дигар раҳбарони аршади Толибон то замоне ки шикаст хӯрдани худро эҳсос накунанд, даст аз ҷанг нахоҳанд бардошт.
XS
SM
MD
LG