Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамдардии Карзай барои қатли рӯзноманигори Британия


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон хотираи Руперт Ҳамер-рӯзноманигори нашрияи "Sunday Mirror"-и Британияро, ки дар Афғонистон кушта шуд, гиромӣ дошт. Ин рӯзноманигор рӯзи шанбе дар вилояти Ҳилманд дар маҳалле бо номи Наво ҳангоми инфиҷори баме дар роҳ ба қатл расид. Дар изҳороте, ки дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон мунташир сохтааст, гуфта мешавад, ки ин рӯзноманигор талош доштааст вазъи воқеъии вилояти Ҳилмандро аз худи минтақа дар матбуот бозтоб диҳад. Ҳомид Карзай ба хонаводаву хешовандон, дӯстони ин рӯзноманигор ва ҷомеаи Британия барои чунин марги нобаҳангом изҳори ҳамдардӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG