Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Департаменти давлатии ИМА ба Аушев


Департаменти давлатии ИМА яке аз раҳбарони мухолифини Ингушистон ва соҳиби пешини сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” Машариф Аушевро барандаи ҷоизаи солона дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар эълон кард. Дар эъломияи вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки "Аушев дар гузоришҳои худ куштор, одамрабоӣ ва дигар қонуншиканиҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи башарро ҷасурона инъикос мекард”. Машариф Аушев 25 октябри соли равон аз сӯи афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расид.
Ҷоизаи солонаи Департаменти давлатии ИМА дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар (Human Rights Defenders Award) ба афроди алоҳида ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои мардонагиву ҷасорат дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва демократия дар шароити таъқибу фишор аз сӯи мақомоти расмӣ супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG