Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мурофиаи додгоҳии Демянюк шурӯъ мешавад

Имрӯз дар шаҳри Мюнхени Олмон мурофиаи додгоҳии Иван Демянюк шурӯъ мешавад, ки ӯро дар даст доштан дар куштори яҳудиҳо замони ҷанги дуввуми ҷаҳон айбдор мехонанд. Ба иттилоъи тафтишот, зодаи Украина Демянюк, ки дар сафи Артиши сурх меҷангид, дар яке аз набардҳо ба асорат афтод. Баъд аз асорат ӯ муҳофизи лагери Собибор дар Лаҳистон шуд ва дар куштори тақрибан 28 ҳазор яҳудиҳо ширкат дошт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Инглистон фурӯшгоҳу сартарошхонаҳо боз мешаванд

29-уми март, як боғе дар Лондон

Дар Инглистон барои кам кардани маҳдудиятҳои коронавирус омодагӣ мебинанд, чун дар ин кишвар аксар қишри калонсол аз ду воя ё дозаи воксинаи зидди COVID-19 якеашро қабул кардаанд. Шурӯъ аз 12-уми апрел имкон дорад, ки ҳама фурӯшгоҳу хадамоти мисли сартарошхонаҳо боз шаванд ва имкони истироҳати беруна ба аъзои як оила ва бо шарти ин ки ғизоро худашон таҳия кунанд, фароҳам мешавад. Аксар машғулиятҳои варзишие иҷоза мешаванд, ки дар ҳавои тоза барпо шудани онҳо имкон дорад.

Ба тарабхонаву барҳо иҷоза доданд, ки фурӯши ғизову нӯшокиро дар берун аз бино ба роҳ монанд ва қарор аст нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ин ҳодисаро дар як тарабхонае дар боғи боз бо нӯшидани оби ҷав таҷлил кунад. Ҷонсон таҳаввулоти ахирро “як иқдоми азим ба самти иҷрои нақшаи озод шудан” номид, вале айни замон таъкид кард, ки бояд аз эҳтиёт кор гирифту бо масъулияти тамом амал кард.

Дар Инглистон, ба қавли мақомот, беш аз 60 дарсади калонсолон ҳадди аққал як вояро гирифтаанд, вале мақомоти беҳдоштӣ ҳушдор медиҳанд, ки хатари омадани мавҷи нави олудашавӣ ҳамоно вуҷуд дорад, чун дар қисматҳои дигари Аврупо мушоҳида мешавад.

Вобаста ба вазъият, баъди 17-уми май қарор аст бархе маҳдудиятҳои иловагии дигар ҳам дар Инглистон бекор шаванд.

Як додраси Додгоҳи олии Қазоқистон барои гирифтани пора дастгир шуд

Додгоҳи олии Қазоқистон.

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон 9-уми апрел як додраси Додгоҳи олии ин кишварро ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Додрас Мейрам Жангуттинови 63-сола 11-уми феврали соли равон ҳангоми гирифтани ришва дастгир шуда буд.

Ба гуфтаи муфаттишон, Жангуттинов аз як додраси ноҳиявӣ дар вилояти Туркистони Қазоқистон барои гузаронидан ба ҷои кори дигар пул гирифтааст. Ин додрас ҳам дастгир шудааст.

Мейрам Жангуттинов соли 2011 додраси парвандаи фасодкории вазири тандурустии Қазоқистон Жаксилик Доскалиев буд. Доскалиев бо ҷурми фасодкорӣ 7 сол зиндонӣ шуд, вале президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди 7 моҳ ӯро афв кард.

Дар раъйпурсии Қирғизистон наздики 80% аз Конститутсияи нав ҷонибдорӣ карданд

Раъпурсӣ дар Қирғизистон. 12-уми апрели 2021.

Рӯзи 11-уми апрел дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар баргузор шуд. Аз тарҳи нави Конститутсия, ки қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад, 79,2%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд.

Танҳо 13,6%-и иштирокдорон зидди Конститутсияи нав овоз дода, наздики 7%-и варақаҳои раъйдиҳӣ беэътибор дониста шудааст.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар раъйпурсии 11-уми апрел 35,3%-и шаҳрвандони қобили раъйи ин кишвар иштирок кардаанд. Натиҷаи ниҳоӣ чанд рӯз баъд эълом мешавад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки ташаббускори тарҳи Конститутсияи нав аст, ҳангоми раъйдиҳӣ гуфт, "то ин дам Қирғизистон бо Конститутсияе зиндагӣ мекард, ки аз дигар кишварҳо нусхабардорӣ шуда буд".

Раъйпурсӣ баъди бештар аз се моҳи интихоби Содир Ҷабборов ба мансаби президенти Қирғизистон сурат мегирад. Ҷаборров, ки то моҳи октябри соли 2020 дар зиндон буд, дар пайи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ тавассути ҷонибдоронаш озод карда шуд.

Ӯ аввал нахуствазир ва баъди зери фишор аз қудрат рафтани раиси ҷумҳури пешин, Сооронбой Ҷеенбеков, иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Дар интихоботи президентии моҳи январи имсол иштирок кард ва, ба иттилои расмӣ, пирӯз гардид.

Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои ислоҳи Қонуни асосӣ танқид карда, гуфтаанд, ӯ барои эҷоди як ҳукумати худкома шитоб дорад. Ба бовари онҳо, тағйирот ба Конститутсия ба президент салоҳияту қудрати бештар медиҳад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch пештар гуфта буд, ки "тарҳи Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқи башар, ки Қирғизистон ба риояи он тааҳҳуд кардааст, посухгӯ нест".

Содир Ҷабборов моҳи март дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳимоят кард. Ӯ рӯзи 11-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, "Кумисюни марказии интихобот натиҷаҳои раъйпурсиро бояд дар зарфи 10 рӯз эълон кунад. Пас аз он, бояд лоиҳаҳои навро ба порлумон пешниҳод кунем. Бояд ҳамаи тарҳҳоро тибқи Конститутсияи нав қабул кунем. Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз қонунҳо бо ҳам мухолифат доранд, бахусус Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноӣ."

Қирғизистон 6,5 миллион аҳолӣ дорад ва аз соли 2005 се дафъа шоҳиди инқилоб ва ё бо зӯр сарнагун шудани ҳукумат будааст.

Путин гуфт, фарзандони муҳоҷирон ба сатҳи дониши хонандагони маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонанд

Яке аз мактабҳои Русия. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Русия Владимир Путин аз афзоиши шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои он кишвар изҳори нигаронӣ кард. Ӯ даъват кард, ки теъдоди фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия кам карда шавад.

Путин, ки дар Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо суханронӣ мекард, гуфт, фарзандони муҳоҷирон ба сатҳи дониши хонандагони маҳаллӣ таъсири манфӣ расонида, сабаби ангезиши бадбинии қавмӣ мешаванд.

"Шумори фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои мо бояд дар сатҳе бошад, ки амалан имкон диҳад, то онҳо ба муҳити забони русӣ мутобиқ шаванд. Албатта, на танҳо муҳити забонӣ, балки ба муҳити фарҳангӣ ва дар умум ба низоми арзишҳои русии мо ворид шаванд", - афзуд ӯ.

Президенти Русия вазъи ба вуҷуд омада дар "ИМА ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ"-ро намуна овард. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳои ғарбӣ шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо ба ҳадде афзоиш ёфта, ки сокинони маҳаллӣ маҷбур шудаанд, фарзандони худро ба дигар мактаб бибаранд.

Путин афзоиши шумораи фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русияро "мушкили бузург" номида, хост, теъдоди онҳо сахт назорат шавад.

Дар Узбекистон шумори камбизоатонро "кам мекунанд"

Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Аз 2069 хонаводаи камбизоате, ки соли гузашта дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон ба қайд гирифта шуда буд, номи 1684 оиларо аз "Дафтари оҳанин" хат задаанд. Дар рӯйхат танҳо 385 хонаводаи камбизоат боқӣ мондааст.

Дар миёни сокинони Чиноз, ки аз рӯйхат хат зада шуданд, марди 36-солаи маъюб ва падари ду фарзанд Чорӣ Ниёзов низ ҳаст. Ӯ мегӯяд, намефаҳмад, ки чаро номи вайро дар рӯйхати камбизоатон хат задаанд.

"Шаш сол мешавад, ба бемории табобатнашаванда гирифторам. Бемории фишорбаландӣ, қанд ва касалии дигаре дорам, ки наметавонам бигӯям. Ин беморӣ ба ҳамсарам ҳам сироят кардааст. Ман ҳамроҳи ҳамсарам ба гуруҳи дувуми маъюбӣ шомилем", - гуфт Ниёзов.

Ба "Дафтари оҳанин" хонаводаҳои камбизоат, шахсони маъюб, пиронсолони танҳо, шаҳрвандони бекор, онҳое, ки ба иллати карантин бекор мондаанд шомил шуда, ба онҳо хидматрасонии тиббӣ ройгон ва дар гирифтани қарз барои соҳибкорӣ имтиёз дода мешавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи августи соли 2020 гуфта буд, ки дар он кишвар наздики 5 миллион одам дар фақр ба сар мебаранд. Яъне, ҳар панҷумин узбекистонӣ камбизоат аст.

Боздошти баҳсбарангези як ҷавонро дар Душанбе шарҳ доданд

Мақомот мегӯянд, боздошти Имомалӣ Идибегов ба "сарбозшикор" рабт надорад

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори боздошти ҷавонеро дар Душанбе шарҳ доданд.

Мақомот рӯзи 11-уми апрел гуфтанд, ҳамон тавр, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр шудааст, ҳодиса ба "сарбозшикор" ё "облава" рабт надорад, балки амалиёти дастгир кардани як шахси гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДОИШ аст.

Аз ҷавон Имомалӣ Идибегов, сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва падари се фарзанд, ном бурдаанд. То ҳанӯз назари наздиконаш ба қазия маълум нест.

Навори боздошти ҷавон дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рӯзи 9-уми апрел ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар ҳоле ки маъмурони интизомӣ ҳамон лаҳза далели боздошти ӯро шарҳ надоданд, аксарият саҳнаро ба "сарбозшикор" рабт доданд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Имомалӣ Идибеговро "ҷинояткори махсусан хавфнок" тавсиф карда, гуфтаанд, боздошти ӯ рӯзи 6-уми апрел сурат гирифт. "Дастгир кардани ӯ бар асоси маълумоти дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷӯии ҷиноӣ бо моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия ва моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад", - омадааст дар баёнияи ВКД.

Ба иттилои расмӣ, ӯ солҳои 2015-2017 дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Маскав буда, гуё "тавассути шабакаҳои интернетӣ пайравӣ ва ҷонибдорияшро ба ДОИШ ифода намудааст".

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Имомалӣ Идибегов дар ҳудуди Русия бо Темур Амиров ва Даврон Сулаймонов (шаҳрвандони Узбекистон) ба хазинаи гуруҳи "Давлати исломӣ" пул гузаронда, нақшаи амалиёти террористиро доштаанд. Тасдиқи дурустии ин иддао аз манобеи дигар феълан имкон надорад.

Танҳо дар як феҳристи шахсони гумонбар ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба созмонҳои мамнуъ, ки рӯзномаи "Российская газета" солҳои 2017 ва 2018 нашр кардааст, номи Имомалӣ Идибегов ва Темур Амирову Даврон Сулаймонов низ зикр шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ду шаҳрванди Узбекистон дар Русия дастгир шуда, Имомалӣ Идибегов ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо нагуфтаанд, ки ӯ кай ба Тоҷикистон омад ва чаро амалиёти боздошти ӯ баъд аз чаҳор соли буданаш дар Русия сурат гирифт.

Русия чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ҷустуҷӯ дорад. Аксу номи чанде аз онҳо дар сомонаи "Интерпол" ҳаст. Бархе дигар дастгиру муҷозот шудаанд, вале пайвандонашон ҳамвора ҳамкории онҳоро бо созмонҳои мамнуъ инкор кардаанд.

Фаъолияти гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва пайравӣ аз он дар ҳудуди Тоҷикистону Русия мамнуъст.

Рааб гуфт, Амрикову Бритониё ба зидди талошҳои Русия ҳастанд

Доминик Рааб

Вазири корҳои хориҷии Бритониё гуфт, кишвараш ва Иёлоти Муттаҳида "ба талошҳои Русия барои эҷоди бесуботӣ дар Украина қотеона мухолифат мекунанд". Доминик Рааб рӯзи 11-уми апрел гуфт, онҳо аз Русия мехоҳанд, вазъро ноором накунад.

Аксу наворҳо нишон медиҳанд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба сӯйи марзи Украина ва ё наздик ба он, ба нимҷазираи Қрими ишғолшуда аз тарафи Русия, ҳаракат мекунанд.

Ин вазъ нигарониҳоро барангехтааст, ки Маскав барои фиристодани нерӯҳояш ба шарқи Украина омодагӣ мегирад.

Кремл даъватҳои Ғарбро барои ақибнишинии нерӯҳояш рад карда, гуфтааст, ҳаракати низомиёнаш дар ҳудуди Русия масъалаи дохилӣ ва соҳибихтиёрӣ аст.

Изҳороти Доминик Рааб як рӯз баъд аз он садо дод, ки президенти Украина Владимир Зеленский ба раиси ҷумҳурии Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дар бораи вазъ маълумот дод.

Пас аз музокироти онҳо дар Истанбул, Эрдуғон таҳаввулоти охирро "нигаронкунанда" номид ва ибрози умед кард, ки низоъ бо роҳи муколамаву осоишта ва мутобиқ ба тамомияти арзии Украина ҳал хоҳад шуд.

Дар Мянмар беш аз 80 нафари норозӣ аз ҳукумати низомиёнро куштаанд

Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ шоҳиди нооромӣ аст

Нерӯҳои амниятии Мянмар (Бирма) дар мавҷи нави саркӯб алайҳи тарафдорони демократия беш аз ҳаштод нафарро куштаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳодиса рӯзи 9-уми апрел рух дода, танҳо баъди як рӯзи он дар расонаҳо нашр шуд.

Мянмар аз аввали моҳи феврали имсол шоҳиди норомӣ аст. Дар он моҳ ҳарбиён дар як табаддулот ё кудето Аунг Сан Сучи, раҳбари ғайринизомии Мянмарро аз қудрат дур карданд ва ҷилави ҳукуматро ба даст гирифтанд.

Гурӯҳи нозири Анҷумани кумак ба зиндониёни сиёсӣ дар Мянмар гуфтааст, аз моҳи феврал ба ин сӯ нерӯҳои амниятии он кишвар беш аз 700 нафарро куштаанд.

Норозиён дар бисёре аз шаҳрҳо ба гунаи мусолиматомез эътироз мекунанд. Аммо саркӯби шадид боис шудааст, ки теъдоде аз онҳо бо силоҳи шикорӣ ва муҳиммоти дигар мусаллаҳ шаванд.

Моҳи гузашта намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Мянмар ба Шӯрои амният гуфт, Бирма дар остонаи табдил шудан ба як давлати ноком қарор дорад ва эҳтимоли оғози ҷанги дохилӣ низ ҳаст.

Кудетои низомии моҳи феврали имсол ба таҷрибаи як даҳаи демократия дар Мянмар нуқта гузошт. Раҳбарони низомии Мянмар мегӯянд, интихоботи моҳи ноябри соли гузашта олуда ба тақаллуб буд.

Дар он интихобот ҳизби ба раҳбарии Аунг Сан Сучи Сучи бо тафовути зиёд баранда шуда буд.

Чанд узви порлумони Олмон бархурд бо Навалнийро "шиканҷаи ҳадафманд" номиданд

Алексей Навалний

Аъзои Бундестаг, порлумони Олмон, бархурди мақомоти Русияро бо пешвои зиндонии мухолифини он кишвар, Алексей Навалний, “шиканҷаи ҳадафманд" номида, аз Кумитаи Аврупо барои пешгирӣ аз шиканҷа хоҳони баррасии шароити зиндони ӯ шудаанд.

Номаи аъзои порлумони Олмон рӯзи 10-уми апрел дар Фейсбук нашр шуд. Дар он рафтор бо Навалнийро "носозгор" бо Конвенсияи аврупоии ҷилавгирӣ аз шиканҷа хондаанд. Дар ҳоле ки, ба қавли муаллифон, Русия як узви ин Конвенсия аст.

Ин нома аз сӯи Мануэл Сарразин аз Ҳизби сабзи Олмон ва гурӯҳи дигар аз аъзои порлумони Олмон имзо шудааст.

Дар нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки онҳо гузоришҳоро дар бораи зиндон ва вазъияти саломатии Алексей Навалний бо нигаронӣ пагйирӣ карда, “ҳамбастаи комил"-и худро бо ӯ баён мекунанд.

Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар моҳи январи имсол, ҳангоми бозгашт аз Олмон, дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд. Ба қавли пизишкони олмонӣ, ӯ дар Русия бо заҳри “Новичок” масмум (заҳролуд) шуда буд.

Эрон дар бораи "ҳодиса"-е дар таъсисоти ҳастаии Натанз гузориш дод

Мақомоти Эрон рӯзи 11-уми апрел тасдиқ карданд, ки дар бахши шабакаи барқи таъсисоти ҳастаии Натанз "ҳодиса"-е рух додааст. Ин воқеа як рӯз баъди он иттифоқ уфтод, ки Теҳрон ба роҳандозии сентрифугаҳои нави пешрафта бо қобилияти ғанисозии бештари ураниюм оғоз кард.

Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯйи Созмони энержии ҳастаии Эрон, бидуни ишора ба ҷузъиёти ҳодиса гуфтааст, "ин воқеа талафоти ҷонӣ ва олудагӣ ба дунбол надошт". Ӯ ба хабаргузориҳои "Форс" ва "Исно" гуфтааст, сабабҳои рух додани ҳодисаро баррасӣ доранд.

Соли гузашта дар таъсисоти ҳастаии Натанз сӯхтор рух дод. Ҳукумати Эрон онро кӯшиши хароб кардани барномаи ҳастаӣ дониста буд.

Таъсисоти зеризаминии Натанз пойгоҳи калидии Эрон барои ғанисозии ураниюм аст. Онро нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ назорат мекунанд.

Ин таъсисот дар 300-километрии ҷануби Теҳрон ҷойгир аст.

Раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон ҷараён дорад

Баъзе аз сокинони Қирғизистон мегӯянд, тағйирот ба Қонуни асосӣ ба президент қудрати бештар медиҳад

Рӯзи 11-уми апрел дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар оғоз шуд. Тарҳи нави Конститутсия қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад. Ҳоло дар он кишвар низоми порлумонӣ ҷорист.

Раъйпурсӣ баъди бештар аз се моҳи интихоби Содир Ҷабборов ба мансаби президенти Қирғизистон сурат мегирад. Ҷаборров, ки то моҳи октябри соли 2020 дар зиндон буд, дар пайи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ тавассути ҷонибдоронаш озод карда шуд.

Ӯ аввал нахуствазир ва баъди зери фишор аз қудрат рафтани раиси ҷумҳури пешин, Сооронбой Ҷеенбеков, иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Дар интихоботи президентии моҳи январи имсол иштирок кард ва, ба иттилои расмӣ, пирӯз гардид.

Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои ислоҳи Қонуни асосӣ танқид карда, гуфтаанд, ӯ барои эҷоди як ҳукумати худкома шитоб дорад. Ба бовари онҳо, тағйирот ба Конститутсия ба президент салоҳияту қудрати бештар медиҳад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch пештар гуфта буд, ки "тарҳи Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқи башар, ки Қирғизистон ба риояи он тааҳҳуд кардааст, посухгӯ нест".

Содир Ҷабборов моҳи март дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳимоят кард. Ӯ рӯзи 11-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, "Кумисюни марказии интихобот натиҷаҳои раъйпурсиро бояд дар зарфи 10 рӯз эълон кунад. Пас аз он, бояд лоиҳаҳои навро ба порлумон пешниҳод кунем. Бояд ҳамаи тарҳҳоро тибқи Конститутсияи нав қабул кунем. Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз қонунҳо бо ҳам мухолифат доранд, бахусус Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноӣ."

Қирғизистон 6,5 миллион аҳолӣ дорад ва аз соли 2005 се дафъа шоҳиди инқилоб ва ё бо зӯр сарнагун шудани ҳукумат будааст.

Ҳалокати гумонбар ба дуздӣ баъди боздошт. ВКД: "Ӯ худро аз ошёнаи севум партофт"

Шаҳри Ваҳдат

Як ҷавони гумонбар ба дуздӣ баъди дастгир шудан аз сӯйи маъмурони милиса фавтидааст.

Наздиконаш то ба ҳол дар ин маврид чизе нагуфтаанд, аммо масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шрӯзи 10-уми апрел хабар доданд, ки Меҳриддин Гадозода худро аз ошёнаи севум партофт ва ба ҳалокат расид.

Тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи мустақил феълан имкон надорад. Дар гузашта чанд ҳодисаи ба ин монанд рух дода, пайвандони фавтидаҳо далели мақомотро зери шубҳа бурда буданд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёяние гуфтанд: "Гумонбаршаванда Гадозода Меҳриддин Файзулло ҳангоми дастрас намудан ба ошёнаи сеюми бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз тирезаи утоқи корӣ яку якбора худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт. Аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида мешавад, вале номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад."

Ба иттилои расмӣ, Меҳридин Гадозодаи 31-сола аз деҳаи Кабирободи ҷамоати Абдулвоситови шаҳри Ваҳдат ба дувоздаҳ мавриди дуздӣ гумонбар буда, "амволи мазкур дарёфт ва мусодира карда шуд".

Тафсилоти аз ин бештар дастрас нест. Мақомот гуфтанд, санҷиши ҳодиса идома дорад.

Назари пайвандони Муҳриддин Гадозода дар ин замина дастрас нашудааст ва рӯшан нест, то куҷо бо хулосаи мақомот розиянд. Дар гузашта низ чанд гумонбар пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот аз сактаи дилу муътодӣ.

Аз ҷумла, соли 2018 наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфта буданд, ҷасади ӯро баъд аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латукӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтанд. Мақомот далели шиканҷа шудани ӯро рад карда, гуфтанд, Назаров аз сактаи қалбӣ даргузашт.
Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки соли 2011 бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт ва баъди 10 рӯз ҷон дод.
Волидони Шамсиддин Зайдуллоев соли 2015 иддао карданд, ки ӯ бар асари латукӯби маъмурони Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир фавтидааст. Мақомот гуфтанд, ӯро муътодӣ ё "ломка"-и маводи мухаддир кушт.
Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, охири моҳи августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомӣ дастгир шуда, пас аз як ҳафта дар шифохона даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, кормандони пулис ӯро барои гуё риш доштан задаанд. Баъзе аз маъмурони милиса гуфта буданд, Умар Бобоҷонов дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ афтода, аз ҳуш рафт.

Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мавзӯест, ки дар гузориши созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамвора мояи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистон мешавад.

Мақомот вуҷуди бадрафториро инкор намекунанд, вале мегӯянд, сухан дар бораи мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд.

Ҷасади овехтаи зани ҷавон ва се кӯдакаш Панҷакентро такон дод

Мавзеи кӯли Кӯлак

Сокинони деҳаи Некнот дар шаҳри Панҷакент рӯзи 10-уми апрел дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки "ба дарахтҳо овезон буданд". Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд, аммо раиси деҳа гуфт, "ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд".

Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Некнот, ҷасадҳои ёфтшуда аз Шаҳло Шарипова ва се фарзандаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола Аминаи 8-моҳа – будааст.

Мусоҳибони мо гуфтанд, Шаҳло Шодиева ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини 30-солаи деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст.

"Имрӯз дар Некнот тӯй буд. Як гурӯҳ бачаҳо баъд аз маърака ба тамошои кӯли Кулак рафтаанд. Дар назди кӯл боғи калон аст ва дар дарахти себ се кӯдаку модарашро бо рӯймол овехта дидаанд", -- гуфт яке аз сокинон.

Ҳанӯз хулосаи мақомот дар ин замина эълон нашудааст. Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар ва ё тасдиқи расмӣ дар инҷо нашр мекунем.

Дар ҳамин ҳол, Дониёр Ортиқов, раиси деҳаи Некнот, ҳодисаро тасдиқ кард ва шоми 10-уми апрел гуфт: "Воқеа баъд аз соати чаҳори бегоҳ рух додааст. Ба ман чанде аз бачаҳо занг зада, ҳодисаро гуфтанд. Рости гап, бовар накардам. Баъд ҳамроҳи хусурашу ҳамдеҳагони дигар ҷасадҳоро аз дарахт кушода гирифтем."

Ҷое, ки ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Дар онҷо ҳафтаи гузашта Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева, ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинондааст.

Мақомот то ба ҳол дар ин бора иттилоъ надоданд, вале ба гуфтаи раиси деҳа, "намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ташхиси тиббию додгоҳии шаҳри Панҷакент ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд".

Ҷузъиёти бештари ҳодиса ва сабабҳои он маълум нест.

Сокинони Некнот мегӯянд, ин зани ҷавон зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнаҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.

Касби хонаводагии онҳо дар гузашта чӯпонӣ ва ҳоло деҳқонӣ будааст. Падарарӯси Шаҳло Шодиеваро дар деҳа ҳамчун Азизпаҳлавони чӯпон мешинохтаанд. Ба қавли раиси маҳалла боре ҳам сокинон аз нооромӣ ё ҷанҷол дар хонавода хабар надодаанд.

Дар гузашта мақомот чанд ҳодисаи ба ин монандро ошкор кардаву баъзе аз онро худкушӣ номида буданд. Аз ҷумла, Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Додгоҳи Ҳисор падари хонавода Фатҳулло Шариповро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак, соли 2016 худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт.

Айнан бо ҳамин шева моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳузури низомии Русияро дар марзҳои Украина муҳокима карданд

Энтоний Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико

Энтоний Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико ҳузури низомии Русия дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ва наздикии марзҳои Украинаро бо вазирони корҳои хориҷии Фаронса ва Олмон муҳокима карданд.

Энтоний Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА, Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса ва Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон рӯзи 9 апрел дар алоҳидагӣ суҳбат карданд ва пешниҳод карданд, ки машваратҳо дар байни муттаҳидони НАТО бояд бештар шаванд, чун эҳтимоли афзоиши низоъ дар шарқи Украина вуҷуд дорад.

Аз моҳи апрели соли 2014 беш аз 13,000 нафар дар ҷанг бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина кушта шудааст ва беш аз як миллион нафар овора шудаанд.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ ҷудоихоҳони тарафдори Русияро дар авҷ гирифтани низоъ муттаҳам мекунанд.

Нигарониҳо аз вазъ дар шарқи Украина дар ҳолест, ки Русия нерӯҳои низомиашро дар он ҷо бештар кардааст.

Русияро кишваре номиданд, ки эҳтимол назми ҷаҳонро ба ҳам занад

Оҷонсии марказии иктишофӣ

Хадамоти махсуси Амрико ба ин хулоса расидааст, ки Русия дар ду даҳсолаи оянда бо эҳтимоли зиёд ҳамчун кишваре, ки назми ҷаҳонро ба ҳам мезанад, боқӣ мемонад, вале дар пасманзари мушкили иқтисодӣ ва эътирози дохилӣ нуфузи байналмилалиаш поин рафтааст.

Ин нукта дар гузориши Оҷонсии марказии иктишофӣ зикр шудааст, ки дар чор сол як бор нашр мешавад. Дар гузориш, ки 8-уми апрел нашр шудааст, тамоюлҳое, ки дар 20 соли оянда ба ИМА имкони эҷоди хатар доранд, таҳлил шудааст.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки Русия ҷанги иттилоотиро идома медиҳад ва расонаҳоро барои эҷоди нофаҳмиҳо миёни кишварҳои ғарбӣ истифода мебарад.

Онҳо гуфтаанд, аз эҳтимол дур нест, ки Русия ишғолгариҳои худро дар кишварҳои африқоӣ ва Шарқи дур идома диҳад.

Додситонии Бишкек ҳодисаи қатли духтари ҷавонро оғоз кардааст

Эътирози зидди хушунат дар Қирғизистон

Додситонии шаҳри Бишкек нисбат ба чанд пулиси ин шаҳр барои хунукназарие, ки боиси рабудан ва қатли як духтар шудааст, тафтиш оғоз кардааст.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пайвандони Айзада Канатбекова мегӯянд, кормандони пулис имкон доштанд, ки аз ин ҳодиса пешгирӣ кунанд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми эътирозии "Зидди хушунат" баргузор шуд. Садҳо сокини шаҳр пушти дари бинои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷамъ шуда, дар робита ба қатли пурсарусадои Айзада Канатбекова изҳори мавқеъ карда буданд.

Дар Қирғизистон то кунун занҳоро бо ҳадафи издивоҷ аз кӯча мерабоянд. Пас гирифтани зан аз хонаи марде, ки ӯро рабудааст, беобрӯӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел волидон духтарони худро баъд аз рабуда шудан аз манзили марди бегона барнамегардонанд. Барои арусрабоӣ дар Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Воксинзании муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳанӯз дар нақша нест

Акси зане, ки дар Русия барои гирифтани воксин рафтааст

Дар Русия ҳанӯз воксинзании муҳоҷирони корӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Масъулони Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии КОВИД-19 дар Русия ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки феълан воксинзанӣ барои шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудааст.

Қаблан мақомоти Маскав эълон доштанд, ки ронандагони таксиҳои пойтахтро, новобаста аз шаҳрвандӣ, ба барномаи эмгузаронӣ шомил кардаанд. Чун онҳо бо мусофирони зиёде хизмат мерасонанд, ки имкони паҳншавии вирус вуҷуд дорад.

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Дар авҷи паҳншавии бемории коронавирус дар миёнаҳои соли гузашта хабари фавти муҳоҷирон пас аз сироят ба ин вирус сабт шуда буд, вале шумораи дақиқи фавтидагон маълум нест.

Писари Иззат Амон гуфт, "саломатии падараш хуб нест"

Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов

Наздикони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад, мегӯянд, вазъи “саломатии ӯ хуб нест”.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш соли гузашта гирифтори бемории коронавирус шуда буд ва то ҳол аз дардҳое, ки зоҳиран аз таъсири сирояти коронавирус пайдо шуда буданд, азият мекашад.

“Худашро хуб ҳис намекунад. Пештар дар озодӣ ҳам аҳволаш чандон хуб набуд. Аз фишорбаландиву дардҳои дигар азият мекашад”,--гуфт ӯ.

Муҳаммадюсуф падарашро охири ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дидааст.

Ӯ гуфт, намедонад, ки падарашро табибе муоина кардааст, ё на.

“Ҳоло ду адвокат гирифтем, ки аз ҳуқуқҳои ӯ ҳимоя кунанд. Адвокатҳо масъалаи муоинаи ӯро низ дар миён мегузоранд”,--афзуд ӯ.

Ҷонибдорони Иззат Амон дар хориҷи кишвар мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ӯ шиканҷа шудааст. Писараш мегӯяд, дар чеҳраи падараш ҳеҷ осори шиканҷа надидааст.

Мақомот то ҳол дар бораи вазъи саломатии Иззат Амон, ки рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд ва чанд рӯз баъд аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд, маълумоти расмие нашр накардаанд.

Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд.

Ӯ раиси “Маркази тоҷикон” аст ва пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони онҳо ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ва бар асоси шикояти як шаҳрванди кишвар боздошт шуд. Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин иттиҳомро нодуруст хонда, талаби раҳоии Иззат Амонро доранд.

Бархеи дигар, ки наворҳояшон дар саҳифаҳои наздик ба мақомоти тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ба ҷонибдорони Иззат Амон вокуниш карда, боздошти ӯро кори дуруст медонанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия бармегардонанд

Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия. Акс аз соли 2020 аст

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, нақшаи бозгардонии 500 шаҳрванди кишвар аз паноҳгоҳҳои Сурияро доранд.

Дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарон ва кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти неруҳои курд асир афтодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки 89 кӯдакро аз Ироқ баргардонидаанд ва талоши баргардонидани занону кӯдакони боқимонда аз Сурияро доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9-уми апрел бо сокинони Исфара суҳбат мекард, аз пайвастани ҷавонони ин шарҳр ба гуруҳҳои ифрофтӣ нигаронӣ кард.

Исфара, ноҳияе бо аҳолии беш аз 200 ҳазор дар шимоли Тоҷикистон, дар марзи Қирғизистону Узбекистон ҷойгир аст ва мақомот онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози мазҳабӣ осебпазири кишвар унвон мекунанд. Дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ, ки онро Бонки миллӣ нашр кардааст, беш аз 100 сокини Исфара бо гумони ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ҷустуҷӯ мешаванд.

Қаблан аз рафтани ҳудуди 20 сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ин ноҳия барои “ҷиҳод” дар ҷангҳои Сурия гузориш шуда буд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро “Хилофати исломӣ” эълон кард. Дар он сол ва чанд соли баъд бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гуруҳҳои тундраву терористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастанд. Ҷангҷӯёни зиёди тоҷик кушта шуданд ва занону кӯдаконашон онҷо бева ва ятим монданд.

Словакия барои санҷиши дурустии сифати Sputnik V Венгрияро ба ҳамкорӣ даъват кард

Sputnik V - корманди Бемористони донишгоҳи техникии шаҳри Мишколтс дозаи дуюми воксинаи русиро намоиш медиҳад

Тибқи гузоришҳо, Словакия аз кишвари дигари аврупоӣ Венгрия кӯмак хоста гуфтааст, ки бастаҳои воксинаҳои русии навъи Sputnik V, ки дар ҳаҷми 200 ҳазор воя ё доза ба Словакия ворид шудааст, аз назари дурустии сифаташон санҷида шавад. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди моҳи март ба Братислава ворид шудани бастаҳои Sputnik V, як пажӯҳишгоҳи тиббии маводи дорувор дар дурустии сифати онҳо шубҳа кардааст. Игор Матович, вазири молияи Словакия рӯзи 9 апрел баъди мулоқот бо вазири хориҷаи Венгрия дар Будапешт дар бораи нақши идораи санҷиши доруҳои Венгрия хабар дод. Венгрия дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо то ҳол ягона давлат аст, ки эмкунии ҳамагонии мардумаш бар зидди COVID-19 бо воксинаи русии Sputnik V ба роҳ мондааст. Ин қарор дар ҳоле иҷро мешавад, ки муфаттишон ё коршиносони идораи санҷиши доруҳои Аврупо ҳанӯз санҷиши амният ва фоиданокии Sputnik V-ро ба анҷом нарасонидаанд. Масъалаи дигар ин нигарониҳои ахлоқӣ аз санҷишҳои клиникии Sputnik V дар Русия мебошад.

Рӯзи 8-уми апрел Русия талаб кард, ки Братислава тамоми бастаҳои воксинаи Sputnik V-ро баргардонад. Ин талаб баъди он садо дод, ки идораи санҷиши дорувори Словакия гуфт, вояҳои ба ин кишвар овардашудаи воксинаи Sputnik V аз онҳое, ки мавриди санҷиши Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд, фарқ мекунанд. Словакия ҷониби Русияро дар вайрон кардани шароити созишнома айбдор кард. Бархе кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, барои қабул ва эмкунии аҳолиашон бо Sputnik V омода ҳастанд, вале то он замон ризоияти Оҷонсии дорувори Аврупоро интизор мешаванд. Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия, ки як мунаққиди сиёсати пандемияи Аврупо мебошад, садҳо ҳазор вояи Sputnik V-ро аз Русия ворид кардааст.

Ҳамсари Малика Елизавета дар 99-солагӣ даргузашт

Малика Елизавета ва ҳамсараш Шоҳзода Филип. Акс аз бойгонӣ

Шоҳзодаи Бритониё Филип, ҳамсари Малика Елизавета дар синни 99-солагӣ даргузашт. Дар изҳороте қасри Букингем рӯзи 9 апрел гуфта шуд, ки ҳамсари Малика Елизавета субҳи имрӯз дар қасри Виндзор даргузашт. Дар изҳороти қаср гуфта шудааст, ки “Малика бо андӯҳи амиқ марги ҳамсари дӯстдоштааш, аълоҳазрат, герсоги Эдинбург Шоҳзода Филипро хабар дод”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар бораи маросимҳои вобаста ба дафни ҳамсари Малика баъдан хабар хоҳанд дод. Дар бораи сабабҳои марги шоҳзода иттило дода нашудааст, вале ахиран ӯ як моҳ дар беморхонае аз як сироят табобат гирифт ва ҳам дилашро муолиҷа кард. Ӯ 16-уми март аз беморхона ҷавоб шуда, ба қасри Виндзор баргашт.

Шоҳзода Филип соли 1921 дар хонаи салтанатии юнонӣ таваллуд шуда, баъдан бо хонаводааш ба Фаронса кӯчид. Ӯ 18 моҳ дошт, ки падараш, як фармондеҳи низомӣ, барои шикасти шадиде дар ҷанг бо туркҳо муҳокима шуд.

Модари ӯ шоҳдухтар Элис аз Баттенберг, ки аз авлоди салтанатии олмонӣ мебошад, мисли худи Малика Елизавета аз абераҳои Малика Виктория ба шумор мераванд. Филип дар мактаби Бритониё таҳсил карда, дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар сафи нирӯҳои бритониёӣ ҷангидааст. Баъди бозгашт аз ҷанг дар соли 1947 бо Елизавета издивоҷ кард.

Панҷ сол баъди арӯсии онҳо падари Елизавета шоҳ Георги Шашум бар асари саратон ҷон дод ва қудрат ба Елизавета гузашт. Филип аз унвони шоҳзодаи Юнон ва Дания даст кашида, шаҳрвандии Бритониёро гирифт.

Малика Елизавета ва Шоҳзода Филип чор фарзанд доранд: шоҳзода Чарлз, шоҳдухтар Анна, шоҳзодаҳо Эндрю ва Эдвард. Инчунин онҳо 8 набераву 9 абера доранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "бисёриҳо як Манижаро дида натавонистанд"

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия ин кишварро дар "Евровидение” муаррифӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки қарор аст, дар озмуни "Евровидение” ширкат кунад, тавсиф кард.

Ӯ рӯзи 9-уми апрел зимни мулоқот бо сокинони Ворух гуфт, "Манижа ҳамаро саргардон кардааст ва бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд."

Зоҳиран, манзури Эмомалӣ Раҳмон бархӯрди бархе аз чеҳраҳои шинохтаи Русия аст, ки иштироки Манижа аз номи кишвар дар озмуни "Евровидение”-ро қабул надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеи ин овозхон истиқбол кард ва гуфт, “аҳсан, ки аз тоҷик буданаш даст намекашад ва мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам.”

Манижа Сангини 29-сола, овозхони тоҷики муқими шаҳри Маскав, рӯзи 8-уми март дар натиҷаи овоздиҳии тамошобинони шабакаи аввали Русия ғолиб шинохта шуд ва ҳамакнун дар сабқати таронаҳо дар "Евровидение" аз Русия намояндагӣ хоҳад кард.

Пирӯзии духтари тоҷики шаҳрванди Русия дар бахши миллии озмуни бонуфуз баҳси зиёде эҷод кард. Дар ҳоле ки бисёре аз ширкати ин овозхони боҳунару ғайримаъмулӣ ҷонибдорӣ кардаанд, иддае дигар бо ишора ба тоҷик будани Манижа бо натиҷаҳои озмун мухолифат доранд.

Чеҳраҳои сиёсие, мисли Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз матни таронаи “Зани рус”, ки Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон ба озмуни "Евровидение" интихоб кардааст, интиқод карданд.

Аз ҷумла, Матвиенко гуфт, ки бояд шаффофияти озмуне, ки дар он Манижа барранда шудааст, тафтиш шавад. Ӯ гуфт, матни суруд таҳқиромез аст.

Владимир Жириновский, дар суҳбат бо расонаҳои Русия рӯзи 9-уми март гуфта буд, ки "чунин таронае даркор нест". Эътирози Жириновский нисбат ба мисраест, ки дар он таъкид мешавад, “писар бе падар ва духтар бе падар аст”.

Зоҳиран овозхон бо ин мисраъҳо ба мушкили пошхӯрии оилаҳо дар Русия ишора мекунад, ки аксар фарзандон дар тарбияи модар ба воя мерасанд ва ҳама вазнинии рӯзгор ба дӯши занон меафтад.

"Евровидение" имсол моҳи май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир мешавад. Соли гузашта ин озмун бинобар пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

Дар Словакия сифати Sputnik V саволи зиёд эҷод кард

Бастаҳои воксинаи Sputnik V ба фурудгоҳи Кошитсеи Словакия интиқол дода шуд

Баъди он ки ниҳоди танзимкунандаи дорувор дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, воксинаи навъи Sputnik V, ки онро дар Словакия қабул кардаанд, аз оне, ки қаблан санҷида шуд, фарқ мекунад, пуштибонҳои воксинаи русӣ аз ин кишвар талаб карданд, ки ҳазорҳо воя воксинаро баргардонад. Баҳси атрофи сифати воксинаи Sputnik V миёни Братислава ва Маскав рӯзи 8-уми апрел доғтар шуд.

Словакияву Венгрия – ду давлати аврупоӣ қабл аз иҷозати Оҷонсии дорувори Аврупо (ЕМА) тасмим гирифтанд, ки воксинаи русии Sputnik V-ро харидорӣ кунанд. Чанд кишвари дигари аврупоӣ гуфтанд, ки мавзӯи харидории ин воксина дар баррасии ҷиддии онҳо қарор дорад. Словакия, ки 368 ҳазор олудашуда ва беш аз 10 ҳазор фавтида аз COVID-19 дорад, 200 ҳазор бастаи Sputnik V-ро харидорӣ кард. Пажӯҳишгоҳи давлатии назорат аз дорувори Словакия рӯзи 7-уми апрел гуфт, дар заминаи фоидаву хатарҳои воксинаи русӣ, асосан атрофи маълумоти носаҳҳеҳ аз ҷониби истеҳсолкунанда саволҳои зиёде эҷод шудааст ва феълан тасмимашон ин мешавад, ки аз тақсими воксина дар кишвар худдорӣ кунанд.

Ин сохтор инчунин рӯзи 8-уми апрел гуфт, ки вояҳои Sputnik V, ки онҳо аз назар гузарониданд, айни он воксинаҳое, ки аз ҷониби ЕМА ваё маҷаллаи тиббии бритониёии Lancet дида шуданд, нестанд. Рӯзи 8-уми апрел Бунёди сармояҳои мустақими Русия, ки як ташвиқгари истифодаи Sputnik V дар хориҷ аз Русия мебошад, аз Словакия хост, ки ин вояҳоро баргардонад. Ин ниҳод инчунин тақозо кард, ки як бахше аз воксинаҳои русӣ ба санҷиши дубора фиристода шаванд ва пажӯҳишгоҳи Словакияро дар “харобкорӣ” ва паҳн кардани “иттилои дурӯғин” айбдор кард.

Дар Гурҷистон мурофиаи раҳбари ҳизби оппозитсионӣ шурӯъ шуд

8-уми апрел, Тифлис. Тарафдорони Ника Мелиа дар пушти дари додгоҳ таҷаммӯъ кардаанд

Раҳбари зиндонии як гурӯҳи аслии мухолифони Гурҷистон бар асоси иттиҳоме, ки бӯҳрони сиёсии баъдиинтихоботии ин кишварро амиқтар кардааст, дар додгоҳ ҳозир шуд. Мурофиаи додгоҳии Ника Мелиа, раҳбари Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ рӯзи 8-уми апрел дар Тифлис бо сабабҳои пандемияи коронавирус дар пушти дарҳои баста шурӯъ шуд. Мелиа дар ташкили “хушунатҳои оммавӣ” дар ҷараёни намоиши эътирозии зиддидавлатӣ соли 2019 гунаҳгор мешавад ва дар сурати гунаҳгор эълон шуданаш ба ӯ то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Мелиаи 41-сола ин иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардааст. Ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” инро рад мекунад. Гурҷистон баъди интихоботи моҳи октябри порсол дар як бӯҳрон қарор дорад, чун мухолифон натиҷаҳоро тақаллубшуда номида гуфтанд, ки аз ворид шудан ба парлумони нав даст мекашанд. Моҳи феврал, вақте додгоҳ қарор кард, ки Мелиаро барои рад кардани пардохти ҷаримаи ҳангуфт ба боздоштгоҳ мефиристад, бӯҳрон амиқтар шуд. Ҳабси Мелиа ва чанд фаъоли мухолифон боиси эътирозҳои зиддҳукуматӣ дар Тифлис ва даъват ба интихоботи нави парлумонӣ шуд.

Байден чораҳои назорат аз силоҳро шадидтар мекунад

Як фурӯшгоҳи силоҳ дар ИМА

Президент Ҷо Байден гуфт, ба хотири пешгирӣ аз хушунат бо истифода аз силоҳ дар ИМА тадбирҳои нав ҷорӣ мешаванд. Байдени демократ, ки аз солҳо пеш ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳ даъват кардааст, рӯзи 8-уми апрел дар канори муовини президент Камола Ҳаррис ва додситони кулл Мерик Гарланд гуфт, “мо имрӯз на танҳо барои чораҷӯӣ алайҳи бӯҳрони силоҳ, балки дар асл бӯҳрони сиҳҳатии ҷамъиятӣ ҷамъ шудаем”. Ҳангоме, ки ӯ дар як боғи Кохи Сафед сӯҳбат мекард, дар миёни ширкатдорони ин ҷамъомад наздикони қурбониёни хушунатҳое, ки бо истифода аз силоҳ рух додаанд, қарор доштанд.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳамлаи ахири мусаллаҳона дар Каролинаи Ҷанубӣ, панҷ нафар, аз ҷумла, як табиб, ҳамсар ва ду набераи хурдсолашон кушта шуданд. Моҳи март дар Колорадо ва Ҷорҷиа кушторҳо бо истифода аз силоҳ ҷони 18 нафарро гирифт. Мақомот гуфтанд, ки шахси гумонбар дар ташкили куштори Каролинаи Ҷанубӣ як бозигари футболи лигаи миллӣ Филлип Адамс буд, ки баъдан ҷасадаш дар хонаи волидон бо тир дар сар ошкор шуд. Мақомот гуфтанд, ки сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Назорат аз силоҳ дар ИМА масъалаест, ки ҷомеаро ду тақсим кардааст. Дар ҳоле, ки солҳои зиёд кушторҳои гурӯҳӣ дар мактаб ва дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ бисёриҳоро нигарон кардааст, ҳуқуқи доштани силоҳро моддаи дуюми конститутсияи ИМА иҷоза медиҳад ва тарафдорони доштани силоҳ инро ҳақи конститутсионии худ медонанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG