Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина 95 нафар гирифтори зукоми хук ҳастанд


Муовини вазири беҳдошти Украина имрӯз гуфт, ки аз замони пайдо шудани аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба зукоми хук дар қаламрави кишвараш 95 нафар ҷони худро аз даст доданд. Изҳороти Зиновий Митник дар ҳоле садо дод, ки вируси зукоми хук айни замон пурхатартарин маҳсуб мешавад. Як мақоми Созмони ҷаҳонии беҳдошт Кейҷи Фукуда дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар баъзе кишварҳо нишондодҳои олудагӣ ба зукоми хук 70 дар сади навъҳои дигари вирусҳоро ташкил медиҳад. Феълан дар Украина тақрибан 25 ҳазор шаҳрванди ин кишвар бо нишонаҳои зуком ба сар мебаранд, вале худи вирус ҳамоно дар ҳоли тавсеа ёфтан аст. Риштаи беҳдошти Украина аз камбуди шадиди маводи дорувор барои муолиҷаву ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба ин навъи зуком азият мешавад.
XS
SM
MD
LG