Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи пахши барномаҳои радиои "Имрӯз"


Дар Тоҷикистон пахши барномаҳои радиои мустақили "Имрӯз" қатъ гаштааст. Масъулони ин расона гуфтаанд, сар аз 27-уми июл дар пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" мушкилиҳо пеш омада, ду ҳафтаи ахир ин барномаҳо аз фиристандаҳои эҳтиётӣ пахш мешуданд. Мақомоти шикрати саҳҳомии "Телерадиоком", гуфтаанд, қатъи пахши барномаҳои "Имрӯз" ба иллати фаннӣ рӯй дода, ин ҳодиса ҷанбаи сиёсӣ надорад. Ин бори дувум аст, ки барномаҳои радиои "Имрӯз" муатваққиф мешавад. Як сол пеш ва боз ҳам дар остонаи нахустин солгарди таъсиси ин радио дар моҳи август пахши барномаҳои он ба муддати 15 рӯз қатъ гашта буд.
XS
SM
MD
LG