Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои ҷадид дар Даръои Сурия


Аз шаҳри Даръо дар ҷануби Сурия дар бораи даргириҳои нав гузориш шудааст. Ассошиэйтед Пресс аз қавли як шоҳид навишт, ки нирӯҳои Сурия таҳти ҳимояти тонкҳову 3 чархбол дар пайи қатли 4 нафар масҷиди Умариро таҳти назорат оварданд. Ин масҷид дар қисмати қадимаи Даръо, ки аз аҳди Руми бостонист, аз рӯзи шурӯъи амалиёти алайҳи тазоҳургарон дар авоили ҳафта дар дасти эътирозгарон буд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни эътирозҳо бо талаби истеъфои раҳбари Сурия Башор Асад беш аз 60 тани дигар кушта шуданд.
Бо ин ҳол, Амрико алайҳи ожонси иктишофии Сурия ва ду тан аз пайвандони Асад бо иттиҳоми нақзи ҳуқуқи инсон таҳримот ҷорӣ кардааст. ИА низ ба эъмоли чунин таҳримот алайҳи режими Башор Асад омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG