Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз шурӯъи амалиёти баҳорӣ хабар доданд


Гурӯҳе аз толибон дар расми халъи силоҳи онҳо дар Ҳирот
Гурӯҳе аз толибон дар расми халъи силоҳи онҳо дар Ҳирот
Толибон шурӯъи амалиёти баҳорӣ дар Афғонистонро эълон карда, мардуми мулкиро ҳушдор додаанд, то аз мавокине, ки метавонанд ҳадафи ҳамалот қарор бигиранд, дурӣ биҷӯянд. Толибон гуфтаанд, амалиёти онҳо «рӯи марокизи низомӣ, макони таҷаммӯъ, пойгоҳҳои ҳавоӣ, ва корвонҳои силоҳу таҷҳизоти ишғолгарони хориҷӣ дар саросари кишвар тамаркуз хоҳад кард.» Ин эъломия дар ҳоле нашр шуд, ки мақомоти низомии Ғарб аз имкони бурузи ҳамалоти чирикиҳо дар ҳафтаи оянда ҳушдор додаанд. Хушунатҳо дар Афғонистон дар соли 2010 ба як авҷи аз замони суқути давлати Толибон дар 10 соли пеш бесобиқае расид.
XS
SM
MD
LG