Як ҳайати Русия ба раҳбарии мақоме аз дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар рӯзи ҷумъа аз шаҳри Ӯши Қирғизистон боздид кард. Дар ҷараёни боздид ин ҳайат масъалаи муҳоҷирони иҷбории ҷануби Қирғизистонро баррасӣ кард. Алмазбек Атамбоев-нахуствазири Қирғизистон ва руасои се вилояти ҷануб, яъне Ботканду Ҷалолобод ва Ӯш бо соири мақомоти расмии Қирғизистон дар музокирот ширкат доштанд. Сарпарастии ҳайати Русияро Сергей Винокуров-корманди дафтари раёсати ҷумҳурии Русия бар ӯҳда дорад. Атамбоев изҳор дошт, ки танҳо дар соли 2010 240 000 шаҳрванди Қирғизистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Тақрибан 700 000 шаҳрванди Қирғизистон ба таври доимӣ дар Русия кор мекунанд. Ба гуфтаи Атамбоев, ба сабаби мушкилиҳои бюрократии пайдо кардани ҷои кор дар Русия шаҳрвандони кишвараш маҷбур шудаанд шаҳрвандии Русия қабул кунанд.