Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ди-Чейи маъруфи ҷаҳон ба Тоҷикистон меравад


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Ди-Ҷей Talla 2XLC-и Олмон аз 12 то 18-ӯми май дар Узбакистону Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла, ин Ди-Ҷейи олмонӣ 16-ӯми май дар Самарқанд ва 18-ӯми май дар Душанбе маҳорати худро ба ҳаводорони ин навъи ҳунар намоиш хоҳад дод. Соли 1984 бори аввал дар ҷаҳон Талла бо Маттиас Ҳайбах дар Франкфурт “Техноклуб”-и Ди-Ҷей боз карданд. Вай барои ҳаводорони мусиқии электронӣ дар сабки “техно-транс” ҳунарманди маъруф аст ва аз поягузорони ин сабк дар ҷаҳон шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG