Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ: ҳузури амрикоиҳо дар Ироқ тамдид намешавад


Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, изҳор намуд, ки ӯ зери санад дар бораи тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар имзо нагузошт.

Панҷоҳ ҳазор афсарону сарбозони ИМА бояд бо охири соли равон қаламрави Ироқро тарк намоянд.

Нурӣ Ал-Моликӣ гуфт, ки нерӯҳои амниятии Ироқ тавони назорати авзоъ дар кишварро доранд.

Аз ин пеш раиси Кумитаи сардорони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи Амрико адмирал Майк Маллен аз мақомоти Ироқ даъват карда буд, ки мавзӯъи зарурати ҳузури минбаъдаи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқро ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG