Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи достони ҳамлаи бераҳмона дар Туркия


Мақомоти Туркия мегӯянд, як додгоҳи ин кишвар шаш нафарро расман ба ҳамлаи золимона ба як маросими никоҳ муттаҳам карданд, ки дар ҷараёни он 44 нафар кушта шуданд. Ҳасан Дуруер – раиси вилояти Мардин, гуфт, ҳанӯз ду муттаҳами дигар ба ин ҳамларо бозпурсӣ мекунанд. Ин фоҷиаро мақомот, натиҷаи ҷанҷоли хонаводагӣ медонанд. Рӯзи душанбе гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ ба маросими никоҳе дар деҳаи Билҷ ҳамла карда арӯсу домод, мулло ва бисёре аз меҳмононро куштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳашт нафар аз гурӯҳи “Муҳофизони деҳа”, ки барои муқовимат ба ҷудоихоҳони курд дар ин минтақа таъсис шудааст, бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамлаи бераҳмона дастгир шудаанд. Ин ҳодиса дар як минтақаи умдатан курднишини Туркия рух додааст.
XS
SM
MD
LG