Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Тоҷикистон бо ду кишвари минтақа баррасӣ шуд


Бино ба иттилои хабаргузориҳо, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Алмаато бо Қурмонбек Боқив-раиси ҷумҳури Қиғизистон ва бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони узви Бунёди байналмиллалии наҷоти Арал дар Алмаато алоҳида дидор ва гуфтугӯ дошт. Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон, яъне ду кишвари болооб дар бораи истифодаи самарбахши захоири обӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сохтмони роҳҳо, аз ҷумла дар бораи сохтмони роҳи Душанбе-Рашт то марзи Қирғизистон ва васли ин роҳ ба Қазоқистон гуфтугӯ карданд. Дар мулоқоти Раҳмон ва Бердимуҳаммадов масъалаи табодули барқ ва маводи сӯхти нафтӣ бо алюминям баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG