Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба саволҳои мардум посух хоҳад дод


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама имрӯз дар як мукотибаи ҳамзамони интернетӣ ба саволҳои ҳамватанонаш оид ба бӯҳрони иқтисодӣ посух хоҳад дод. Ин нахустин чунин тадбире мешавад, ки аз ҷониби Кохи Сафед ташкил мешавад. Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Барак Обама ин буд, ки вай барои тамоси наздики ҳукумат бо мардуми кишвар аз фанновариҳои навин бештар истифода хоҳад кард. Ширкатдорони ин мукотиба имкон хоҳанд дошт тавассути паёмҳои хаттиву видеоӣ ба раиси ҷумҳурии Амрико муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG