Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва НАТО вазъи Афғонистонро матраҳ мекунад


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар Брюссел бо намояндагони кишварҳои узви НАТО масоили марбут ба авзоъ дар Афғонистонро матраҳ хоҳад кард. Интизор меравад, ки Байден даъвати раисиҷумҳур Барак Обама аз ҳампаймонҳо барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистонро такрор кунад. ИМА тасмим гирифтааст, ки ба хотири саркӯб кардани ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” ба ин кишвар боз 17 ҳазор афсару сарбоз фиристад. Имрӯз Ҷо Байден бо Дабири Кулли НАТО Яаап Де Ҳуп Схеффер музокирот анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG