Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама давлати Канадаро ситоиш кард


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, аз саъйи Канада барои тақвияти иқтисодаш ибрози хушнудӣ кард ва гуфт, банди “бартарӣ ба моли амрикоӣ” дар барномаи таҳрики иқтисоди Иёлоти Муттаҳида ба тиҷорати ин ду шарики наздики иқтисодӣ латма нахоҳад зад. Дар як нишасти хабарии муштарак бо Стефан Ҳарпер – нахуствазири Канада дар пойтахт шаҳри Оттава, Барак Обама ҳамчунин саҳми Канада дар амалиётҳо дар Афғонистонро сутуд. Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар масъалаи ҳамкорӣ дар заминаҳои рушд ва пажӯҳиши энержии бепартоб ба мувофиқа расиданд. Пас аз расидан ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико, ин нахустин сафари хориҷии Барак Обама аст.
XS
SM
MD
LG