Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адҳам Холиқов аз шифохона баромад


Овозхони маъруфи опера Адҳам Холиқов, ки солҳои охир дар Милани Итолиё кору зиндагӣ мекунад, баъди як муоинаи таъҷилӣ дар шифохонаи маҳаллӣ барои идомаи кори ҳунарии худ баргаштааст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Милан ӯ гуфт, ки чанд рӯз пеш бо эҳтимоли дарди қалб ба беморхона бистарӣ шуд ва аммо баъди муоинаи тиббӣ маълум шуд, ки ӯ ба хастагӣ ва заъфи асаб гирифтор шуда, аммо ба қалбаш зиёне нарасидааст. Адҳам Холиқов гуфт: "Саломатиам нағз, ягон чизи ҷиддӣ ҳам набудааст. Худи духтурҳо тарсиданд аввал. Номамро, ки медонанд, якбора тарсиданд. Ман хаста шуда будаам. Ҳар консерту спекталҳо ба асаби кас таъсири вазнин дорад".
Ӯ гуфт, ки вақте духтурҳо дарк карданд, ки ба қалби ӯ ҳеҷ таъсири баде нарасидааст, аз ӯ хоҳиш карданд як пора таронае бихонад. Ӯ ҳоло ба хонааш баргашта муолиҷаи тиббиро дар шароити хона идома медиҳад. Овозхони маъруфи опера Адҳам Холиқов солҳои охир дар Милани Итолиё ба сар бурда, муассиси Академияи хусусии опера бо исми Bel Canto International мебошад. Оқои Холиқов дар гузашта солҳои зиёд овозхони Театри давлатии операву балети ба номи С. Айнии Душанбе ва "Болшой театри "-и Маскав будааст.
XS
SM
MD
LG