Вазорати иқтисоди Тоҷикистон гуфт, нархи гази табиӣ барои истифодабарандагони дохилӣ имсол беш аз 50 дарсад хоҳад афзуд. Нархи ҳазор метри мукааби газ барои аҳолӣ 305 доллар таъйин шудааст, дар ҳоле ки соли гузашта қимати ин миқдори газ барои мардум 200 доллар буд. Тоҷикистон бахши аъзами ниёзмандиҳояш ба газро аз ҳисоби воридоти он аз Узбакистон пур мекунад. Узбакистон имсол нархи ҳазор метри мукааби газаш барои Тоҷикистонро 240 доллар таъйин кард. Соли 2008 Душанбе барои ин миқдори газ ба Тошканд 145 доллар пардохт мекард.