Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Деви рус" бар Эвандер Ҳолифилд


Муштзани маъруфи 35-солаи рус Николай Валуев умеди муштзани шӯҳратёри амрикоӣ Эвандер Ҳолифилди 46-сола барои дарёфти унвони панҷуми қаҳрамони бокси ҷаҳон аз Иттиҳодияи байналмилалии бокс (WBA)-ро замин кард. Рақобати ду муштзани маъруф дар Тсюрихи Швейтсария бо фарқи андаке ба фоидаи Валуев анҷом ёфт. Николай Валуев, ки 2 метру 14 сантиметр қад ва 146 кило вазн дорад, дар ҳоли ҳозир қаҳрамони аз ҳама қадбаланд ва аз ҳама гаронвазн дар муштзанӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG