Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси эътилофи аксарият дар порлумони Укроин


Ҳизбҳои президенти Укроин Виктор Юшенко, сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенко ва як иттиҳоди хурдтар имрӯз созишномаи таъсиси эътилофи худро дар порлумон ба имзо расонданд. Эҳтимоли чунин иттиҳод, ки аксариятро дар порлумон ба даст меорад, ҳанӯз ҳафтаи гузашта эълон шуда буд. Аҳзоби президент ва сарвазир якҷо бо иттиҳоди Литвин дар полумони иборат аз 450 аъзо эътилофи 250 узвро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG