Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон сохтмони Роғунро идома хоҳад дод


Қатъи назар аз бӯҳрони пулӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро идома хоҳад дод. Чунин гуфтааст коршиноси аршади Вазорати иқтисодиёти Тоҷикистон Зӯҳро Мӯсоева дар шарҳи ҳушдори Бонки ҷаҳонӣ, ки хостааст, Душанбе аз иҷрои барномаҳои бузург ва серхарҷ дар давраи бӯҳрон худдорӣ кунад. Хонуми Мӯсоева ба хабарнигорон гуфт, бо мақсади идомаи сохтмони Роғун дар буҷаи давлатии соли ояндаи Тоҷикистон 160 миллион доллар ихтисос дода шудааст ва эҳдоси Роғун ба гуфтаи ӯ, на танҳо истиқлолияти энержии кишварро таъмин мекунад, балки Тоҷикистонро ба бузургтарин содиркунандаи барқи арзон дар минақа ва Ховари Миёна табдил медиҳад. Барои итмоми сохтмон 2 миллиарду 300 миллион доллар зарур аст ва Русия дар соли 2004-ум ризоият дода буд, ки дар ин тарҳ ширкат кунад. Пас аз ақибнишинии Русия, Тоҷикистон дар пайи ташкили як эътилофи сармоягузорон аст, ҳарчанд то ҳанӯз муваффақ ба ин нашудааст.
XS
SM
MD
LG