Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО роҳҳои алтернативии таъмини нирӯҳояшро меҷӯяд


Паймони низомии НАТО мегӯяд, дар пайи пайдо кардани роҳҳои алтернативии таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон аст. Сухангӯи НАТО Ҷеймс Аппатураӣ рӯзи чоршанбе гуфт, музокироти ин масъала бо Русияву Беларусу Украина ва аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ алакай шурӯъ шудааст. Аппатураӣ гуфт, масоили сиёсӣ ҳалл шуда, танҳо масоили фаннист, ки бояд ҳаллуфасл шавад. Тарҳи мавсум ба “Хутути иртиботӣ” тақрибан ду сол боз мавриди музокироти тарафайн қарор дорад. НАТО то кунун таъмини нирӯҳояш дар Афғонистонро асосан тавассути Покистон анҷом медод, вале дар ин авохир корвонҳо ва пойгоҳҳои экмолотии НАТО дар қаламрави Покистон ба як силсила ҳамалоти ҷангиён дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG