Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти кишварҳои гурӯҳи G20 дар Вашингтон


Шоми имрӯз дар Вашингтон раҳбарони кишварҳои сарватмандтарини ҷаҳон барои баррасии иқдомоти ҳамоҳангшуда барои эҳёи дубораи иқтисод гирди ҳам меоянд. Дар як изҳорот дар пешорӯи ин нишаст раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ба зарурати роҳандозии ислоҳот дар низоми молӣ таъкид кард. Вай инчунин гуфт, ки бӯҳрони феълӣ маънои шикасти бозори озодро надорад ва аз хатари ҷорисозии маҳдудиятҳои сартосарӣ ҳушдор дод. Дар айни замон, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва баъзе иқтисодҳои дар ҳоли рушд ба таҳкими назорат аз бозори молӣ даъват кардааст. Ҳосе Мануэл Бароссо, президенти Комиссиюни Аврупо гуфт, ки вай аз нишасти G20 интизори кадом як мӯъҷизае нест, "ин қадамҳои аввал дар роҳи муқобила бо масъала мебошад", - гуфт вай. Нишаст бо ташкили як хӯроки шом рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед шурӯъ шуда, баъдан кори аслии он рӯзи шанбе идома меёбад. Ба гурӯҳи кишварҳои G20 кишварҳои дорои иқтисоди пешрафтаи санъатӣ, аз қабили ИМА, Ҷопон, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва инчунин Чину Русияву Ҳинд шомил ҳастанд.
XS
SM
MD
LG