Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи аввал ба филми "Ҳаром ва ҳалол"


Нахустин филми коргардони ҷавони синамо аз Тоҷикистон Искандар Усмонов бо номи "Ҳаром ва ҳалол" дар озмуни Мактаби синамои Маскав ҷоизаи аввалро гирифт. Ин филм аз зиндагии як устои кӯҳнадӯз, собиқадори ҷанги ҷаҳонии дувум ҳикоят мекунад ва ҳайати доварон бо иттифоқи оро ҷоизаи беҳтарин коргардонии филми ҳунариро ба Искандар Усмонов доданд. Ҷоизаи дигар ба коргардонҳои ҷавон аз Русия ва Қазоқистон тақдим гардид. Озмун дар миёни синамогарони кишварҳои муштаракулманофеъ, Латвия, Литва ва Эстония аз 1 то 10-уми ноябр дар Госфилмофонди Русия ҳамзамон бо таҳсили синамогарони ҷавон дар назди устодони синамои шӯравии собиқ ҷараён гирифт.
XS
SM
MD
LG