Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 захмӣ дар Баҷаур


Дар натиҷаи таркиши бомбае дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони қавмҳои паштутабор дар шимолуғарби Покистон, вилояти Баҷаур, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, дасти кам 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Иқбол Хаттак, як мақоми маҳаллӣ гуфт, ки 15 нафар аз захмиҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Вай гуфт, ки бомба тавассути дастгоҳи аз дур идорашаванда мунфаҷир шудааст. Ҳанӯз тафсилоти бештари ин ҳодиса дар даст нест. Мақомоти амниятии Покистон дар минтақаи Баҷаур алайҳи Толибон ва ситезаҷӯёни Ал-Қоида мубориза мебаранд ва ришсафедони маҳаллӣ барои водорсозии ҷангиён ба тарки ин минтақа кардан гирди ҳам меоянд.
XS
SM
MD
LG