Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи хатарноки Толибонро хунсо кардаанд


Раёсати амнияти милии Афғонистон мегӯяд, як нақшаи ҷангҷӯёни Толибро хунсо карданд, ки мехостанд, бо бомбгузориву шӯриш дар зиндони тарсноки Пули Чархӣ шарикони худ ва дигар ҷинояткоронро озод кунанд. Сухангӯи ин идора Сайид Ансорӣ ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, се нафар посбони зиндони Пули Чархӣ, воқеъ дар канори шаҳри Кобул, ки барои кӯмак дар тарҳрезии ҳамла ришва гирифтаанд, боздошт шудаанд. Моҳи июни соли равон дар як ҳодисаи шабеҳе дар зиндони Қандаҳори Афғонистон 900 нафар аз ҷумла 400 тан аз ҷангҷӯёни Толиб фирор карданд.
XS
SM
MD
LG