Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум аз роҳи тӯфони Айке фирор мекунанд


Садҳо ҳазор нафар сокинони ҳавзаи баҳри Кариб аз роҳи тӯфони Айке фирор мекунанд. Нерӯи ин тӯфон каме коҳиш ёфт, вале ҳанӯз ҳам Айке ба дараҷаи сеюми тӯфонҳо мусовӣ буда, рӯзи якшанбе ба ҷазираҳои Баҳама бо суръати 215 километр дар як соат зарба зад. Ҳоло Айке аз қаламрави Ҳаитӣ гузашта, ба тарафи Куба ҳаракат дорад. Ҳафтаи гузашта тӯфони Ҳанна ҳаёти 600 сокини Ҳаитиро аз байн бурда, ҳазорҳо нафарро аз макони зист ва об маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG