Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис сарвазири Исроилро бо фасод муттаҳам мекунад


Полиси Исроил пешниҳод кардааст, ки сарвазири ин кишвар Эҳуд Олмерт бо фасод муттаҳам шавад. Тибқи гузоришҳо полис Олмертро бо гирифтани даҳҳо ҳазор доллар аз як соҳибкори амрикоӣ ва ҳамчунон ду сафар ба хориҷа аз ҳисоби гурӯҳҳои яҳудӣ муттаҳам мекунад. Машварати полис дар саҳнаи сиёсии Исроил таъсири зиёд нахоҳад дошт, зеро Олмерт гуфтааст, ки 17-уми сентябр баъди интихоби раҳбар дар анҷумани ҳизби ҳокими Кадима ӯ ба истеъфо меравад.
XS
SM
MD
LG