Намояндаи аршади ҳукумати Амрико гуфт, кишвараш аз эҳёи муносибатҳои густардаи дипломатӣ миёни Туркия ва Арманистон истиқбол хоҳад кард. Метю Брайза, ҳамраиси ҳайати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳалли низоъи Қарабоғи кӯҳӣ, мавсум ба Гурӯҳи Минск мегӯяд, Туркия ҳампаймони наздики Амрико дар НАТОст ва бояд дар минтақа нақши фаъолу созандатаре дошта бошад.