Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Фаронса ба Сурия рафт


Имрӯз дар шаҳри Димашқ президенти Фаронса Николас Саркозӣ дар мулоқоти раҳбарони Сурия, Туркия, Қатар ва Фаронса иштирок мекунад. Сафари расмии Саркозӣ ба Сурия дирӯз оғоз ёфта буд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин боздид раҳбари фаронсавӣ мушкилоти Ховари Миёна ва аз ҷумла низои Исроилу фаластинӣ, вазъи Лубнон ва барномаи ҳаставии Эронро баҳс хоҳад кард.
Саркозӣ аввалин раҳбари кишвари ғарбӣ мебошад, ки сар аз соли 2005-ум ба ин тараф аз Сурия зиёрат мекунад. Сурия бо тарҳрезии куштори собиқ сарвазири Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ дар моҳи феврали соли 2005-ум муттаҳам мешавад, вале мақомоти Димашқ ин айбномаро такзиб менамоянд.
XS
SM
MD
LG