Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Куштори рӯзномагори ингуш бояд тафтиш шавад


ИМА аз мақомоти Русия хостааст, ки куштори рӯзноманигори мухолифи ҳукуматро тафтиш намояд. Ӯ ҳангоми дар боздошт қарор доштанаш аз тарафи ходимони умури дохилии ҷумҳурии Ингушистони Русия ба ҳалокат расидааст. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак марги Муҳаммад Евлоевро ҳодисаи нигаронкунада номид. Евлоев рӯзи якшанбе аз тири силоҳи оташфишон дар боздоштгоҳи полис ба қатл расид.
Полис мегӯяд, тасодуф замоне рӯй дод, ки Евлоев: муассисаи саҳифаи интернетии ingushetiya.ru, ба тарафи силоҳи афсари полис даст дароз кард.
Аммо тарафдорони Евлоев ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ин кушторро кӯшиши хомӯш намудани дигарандешӣ дар ҷумҳурии Ингушистони ҳаммарзи Чеченистон меноманд.
XS
SM
MD
LG