Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои зиддунақиз дар бораи шаҳрванди Ҷопон


Нирӯҳои пулис дар вилояти Нангарҳори Афғонистон як шаҳрванди Ҷопонро аз гарав раҳо кардаанд. Ин корманди як созмони ғайридавлатии ҷопониро имрӯз дар минтақаи Дараи Нур ҳамроҳ бо ронандаи афғонаш рабуда буданд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, дар задухӯрд бо пулис яке аз гаравгонгирон захмӣ шудааст, вале тавонистааст фирор кунад.

Ронандаи афғонро гаравгонгирон қаблан дар улусволии Хева раҳо карда буданд. Шаҳрванди рабудашудаи Ҷопон дар созмони имдодие кор мекард, ки дар Афғонистон машғули иҷрои барномаҳои обёрӣ будааст.

Аммо мақомоти Ҷопон дар Токио бо такя ба маълумоти ҳамтоёни афғони худ гуфтаанд, хабари раҳоии шаҳрванди Ҷопон саҳеҳ нест ва ӯ ҳанӯз дар асорат қарор дорад.

XS
SM
MD
LG