Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский дар зиндон мемонад


Додгоҳ аз раҳоии шартии собиқ раиси яке аз бузургтарин ширкатҳои нефти Русия Михаил Ходорковский худдорӣ кард. Рӯзи ҷумъа додгоҳи минтақаи Сибири Русия дархости раҳоии шартиро напазируфт. Ходорковский бо ҷурми саркашӣ аз супурдани андоз ва фиреб ба муддати 8 сол аз озодӣ марҳум шуда, аллакай 3 солро дар зиндон сипарӣ намудааст.
Замоне Ходорковский раиси ширкати нефти Юкос ва сарватмандтарин шахси Русия буд. Ходорковский мегӯяд, ӯ қурбонии дасисаҳои мансабдорони фосиди ҳукумати собиқ президенти Русия Владимир Путин мебошад, ки аз даъвоҳои сиёсии ӯ тарсида, мехостанд сармояҳои ӯро аз худ кунанд.
XS
SM
MD
LG