Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш аз марзҳои Гурҷистон ҳимоят кард


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, Русия набояд ба минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон даъво кунад.

Ҷорҷ Буш гуфт, Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон бахшҳои қаламрави Гурҷистон буда, дар дохили марзҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи ин кишвар ҷойгир шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфтааст, Гурҷистон метавонад фикри дубора пас гардондани ин ду вилоятро фаромӯш кунад.

Президенти Амрико ҳамчунин гуфт, Русия бояд тибқи оташбасе, ки Гурҷистону Русия имзо кардаанд, амал кунад.

XS
SM
MD
LG