Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раиси бахши маҳаллии Ҳизби демократ


Дар аёлати Арканзаси ИМА раиси бахши маҳаллии Ҳизби демократ Билл Гуотнӣ кушта шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, як марди 51 сола, ки ҳуввият ва ному насабаш ҳанӯз ошкор нашудааст, дар қароргоҳи ҳизб дар шаҳри Литтл-Рок, маркази Арканзас, сӯи Гуотнӣ оташ кушод. Раиси бахши маҳаллии Ҳизби демократ дар бемористон ҷон дод. Қотил аз ҷойи ҳодиса бо мошин фирор кард ва корманди полис баъд аз таъқиби тулонӣ ӯро ҳадафи тир қарор доданд. Сабабҳои куштор ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG