Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Фаронса барои хотимаи хунрезиҳо


Вазири умури хориҷаи Фаронса, Бернард Кушнер, мегӯяд, қарор аст, раиси ҷумҳури кишвараш Николя Саркозӣ "барои ниҳоӣ кардани созиши оташбас" миёни нерӯҳои Гурҷистон ва Русия раҳсипори Маскав шавад. Фаронса – раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо, саъй дорад, то аз тарафи ин иттиҳодия бӯҳрон дар Осетияи Ҷанубӣ минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро фурӯ нишонад. Бернард Кушнер, ки дар шаҳри Тифлис қарор дорад, имрӯз барои гуфтӯгу бо Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳур ва дигар раҳбарони Русия вориди шаҳри Маскав мешавад. Вазири умури хориҷаи Фаронса бо Михайил Саакашвилӣ мулоқот дошт ва ба гуфтаи ӯ, раиси ҷумҳури Гурҷистон қариб тамоми пешниҳодоти Фаронса барои хотима додан ба низоъ бо Русияро, пазируфтааст.
XS
SM
MD
LG