Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Еревон, Кишинев ва Боку ба рӯйдодҳои Гурҷистон


Арманистон, Молдова ва Озарбойҷон дар баёнияҳои расмие аз ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ изҳори таассуф карданд ва аз тарафҳо хостанд, мушкилоти мавҷударо бо василаи музокирот ва тафоҳум ҳал кунанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон Хазар Иброҳимов гуфт, кишвараш аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад, аммо барқарории ин тамомият бояд бо риояи меъёр ва усули байнулмилалӣ ба даст ояд. Ноиби раиси порлумони Молдова Юрий Роска авзоъ дар Гурҷистонро иғвое номид, ки бояд аз узвияти комили Гурҷистон дапр НАТО пешгирӣ кунад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Арманистон, Тигрон Бадалиён гуфт, кишвараш аз авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ шадидан нигарон аст, аммо умед дорад, тарафҳо ҳарчи зудтар рӯ ба ҳалли осоиштаи низоъ оваранд.
XS
SM
MD
LG