Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама вориди Исроил шуд


Барак Обама номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико аз Ҳизби Демократ ба хотири дидору гуфтӯгу бо мақомоти Исроил рӯзи 23 июл вориди ин кишвар шуд. Пас аз дидор бо нахуствазир Эҳуд Олмерт ва дигар мақомоти олирутбаи Исроил Барак Обама барои мулоқот бо Маҳмуд Аббос - раиси ҷумҳури Фаластиниён, ба Канораи Ғарб раҳсипор мешавад. Дар остонаи сафари Барак Обама ба Исроил як фаластинӣ дар шаҳри Байтулмуққаддас як булдозерро ба рӯи мошинҳои исроилиён ронда 16 нафарро маҷрӯҳ карда ва дар ниҳоят аз тарафи маъмурони амниятии Исроил кушта шуд.
XS
SM
MD
LG