Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Салим Ҳамдон дар Гуантанамо оғоз ёфт


Имрӯз дар боздоштгоҳи Гуантанамо мурофиаи парвандаи Салим Ҳамдон, ронандаи собиқи раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден оғоз ёфт. Аммо Ҳамдон, ки гуфта мешавад, соли 1996 дар Тоҷикистон ва баъдҳо дар Афғонистон ҷангидааст, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо эътироф накард.

Аз замони хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ, додгоҳи Ҳамдон нахустин мурофиа дар Амрико бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноёти ҷанг дониста мешавад.

Дар сурати дайн шудани ин иттиҳомот, Салим Ҳамдони яманитабор метавонад ба ҳабси умрбод маҳкум шавад.

XS
SM
MD
LG