Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон барои 3 рӯз ба Бадахшон меравад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа, 18 июл, бо як сафари серӯза озими вилояти Бадахшон хоҳад шуд. Ин нахустин сафари оқои Раҳмон ба Бадахшон дар пайи интихоб шуданаш ба давраи нави раёсатҷумҳурӣ дар соли 2006 аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ дар расми ифтитоҳи як маркази тиҷорат ва варзишгоҳи тоза бозсозишуда ширкат варзида, хишти аввали сохтмони гимназияи президентиро хоҳад гузошт.

Сафари Раҳмон ба Бадахшон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар моҳи июн Хоруғ, маркази он вилоят шоҳиди тазоҳуроти эътирозии аз соли 1992 ба ин сӯ дар кишвар бесобиқа шуда буд.

Дар пайи он эътирозҳо, байни вазири умури дохила ва фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифин дар Хоруғ як қарордоди нави халъи силоҳ имзо шуд.
XS
SM
MD
LG