Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қ. Боқиев ва 3 соли интизории қирғизистониҳо


Қурмонбек Боқиев
Қурмонбек Боқиев

Қурмонбек Боқиев расо се сол муқаддам ба мақоми раисҷумҳури Қирғизистон пазируфта шуд. Дар ин муддат кишвар ба чи ноил гардид?

Дар интихоботи президентии 10-уми июли соли 2005-и Қирғизистон ӯ 89 дарсади раъйи овоздиҳандагонро ба даст оварда, мақоми раисҷумҳури кишварро ишғол кард.
Коршиносони масоъили сиёсиву иқтисодӣ фаъъолияти президент Боқиевро дар ин 3 соли сипаришуда ба таври мухталиф арзёбӣ мекунанд. Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо омадани Қ. Боқиев ба сари қудрат Қирғизистон ба дастовардҳои хеле зиёд ноил шуд. Ба гуфтаи ин коршиносон, ӯ ба арзишҳои демократӣ, ки кишвараш ба даст овардааст, содиқ монд.
Гуфта мешавад, ки дар Қирғизистон озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандии мардум нисбат ба мардуми кишварҳои ҳамҷавори он таъминтар аст ва ҳукумат ҳам ахиран алайҳи фасод муборизаро вусъат бахшидааст.
Дар ҳамин ҳол, Айтибой Тағоев, раиси порлумони Қирғизистон, ҳатто аз мардуми кишвараш даъват кард, ки дар интихоботи президентии соли 2010 ба тарафдории Қурмонбек Боқиев раъй диҳанд. Ӯ муътақид аст, ки дар ин интихобот раиси ҳизби «Оқ жол» раисҷумҳури вақти кишвараш 95 дарсади ороъро соҳиб хоҳад шуд.
Аммо Ишенбой Абдураззоқов, яке аз коршиносони масоъили сиёсии Қирғизистон, таййи як суҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» изҳор намуд, ки дар кишвараш фасод авҷ гирифтаасту бо он ба таври систематик мубориза бурда намешавад. Ӯ афзуд, ки баъзе иқдомоти ахири ҳукумат вайро итминон медиҳанд, ки низоми Боқиев ба фасоду ришватхорӣ, ки онро вай мусибати миллӣ мешуморад, хотима хоҳад дод.
И. Абдураззоқов ҳамчунин гуфт, агар мубориза алайҳи фасод ба муборизаи усулӣ табдил наёбад, рушди иқтисод ва пояи мавозини ахлоқӣ дар кишвараш зери суъол қарор хоҳад гирифт: «Ин ду омили хеле муҳимманд, ки метавонанд мамлакатро ба таназзул дучор кунанд».
Дар ҳамин ҳол, ин коршинос аз даъвоҳое тарафдорӣ намекунад, ки Қирғизистон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои демократӣ рӯ ба ақиб овардааст.
Ба гуфтаи коршиноси ҷавон Қамчибек Суюнов, интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар ҷойгоҳи худро дорад. Ба бовари ӯ, низоми Боқиев мавқеъи худро мустаҳкам кардааст ва акнун мехоҳад, ки ҳукмрони мутлақ бошад. Ин ҳам дар ҳолест, мегӯяд ӯ, ки президент аз таъйини бародарон ва аъзои дигари хонаводааш ба мақомҳои мухталифи давлатӣ парҳез намекунад ва ин ҳолат эътибори ӯро дар ҷомеъаи кишвараш коҳиш додааст.
Ба гуфтаи ин коршинос, аз ҷумла, як бародари президент сафири Қирғизистон дар Олмон ва Ҷаниш Боқиев раиси хадамоти ҳифзи давлатӣ таъйин шуданд.
Динора Ошӯрахунова, раҳбари эътилофи «Барои демократия ва ҷомиъаи шаҳрвандӣ», мақарраш дар Бишкек, мегӯяд, ки президент Боқиев дар мавриди интихоби кадрҳо ба нуқсонҳои ҷиддӣ роҳ додаст, ҳол он ки кадрҳои зиёди болаёқат Қирғизистонро тарк кардаанд ва феълан дар Қазоқистону кишварҳои дуру наздик машғули кор ҳастанд. Ӯ инчунин гуфт: «Дар мавриди мубориза бо фасод суханҳои зиёд гуфта мешавад, вале дар амал афроде, ки даст ба фасод задаанд, бидуни ҷазо мемонанд».
Дар фарҷоми суҳбат Динора Ошурахунова таъкид кард, ки Қирғизистон чун замони Аскар Оқоев дар гирдоби фасод ғӯтавар аст ва маълум нест, ки аз ин варта кай худро наҷот хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG