Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Исроил ду тундрави фаластиниро куштанд


Мақомоти расмии Фаластин гуфтаанд, имруз нируҳои Исроил дар Ноблус-шаҳраке дар каронаи Ғарбии руди Урдун ду фаластиниро куштаанд. Низомиёни Исроил куштори яке аз онҳоро таъйид кардаанд ва гуфтаанд, марди кушташуда аз тундравҳои Ҷиҳоди Исломӣ будааст ва дар ҷустуҷу қарор доштааст. Ин куштор замоне анҷом гирифт, ки камтар аз як ҳафта пеш Исроил ва созмони исломии Ҳамос дар бораи оташбас дар Борикаи Ғазза ба тафофуқ расиданд ва аз он вақт то ҳол ҳамлаҳои мушакӣ аз Фаластин ба қаламравҳои Исроил хотима ёфтааст.
XS
SM
MD
LG