Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеборӣ: "Ироқ ба кӯмаки артиши ИМА ниёз дорад"


Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зеборӣ гуфт, ки кишвари вай ҳанӯз ба кӯмаки нирӯҳои амрикойӣ ниёз дорад, то ки дастовардҳои то имрӯз ҳосилшуда барҳадар наравад. Дар сӯҳбат бо телевизиони CNN дар Вашингтон вай гуфт, ки ҳифзи ин дастовардҳо хеле душвор аст. Вай гуфт, ки афзоиши қобили мулоҳизаи нирӯҳои амрикойӣ дар хоки Ироқ шурӯъ аз соли 2007 боиси коҳиши қобили мулоҳизаи хушунатҳо дар кишвараш шудааст. Феълан ҳудудан 150 ҳазор сарбози амрикойӣ дар Ироқ мустақар ҳастанд. Ҳушёр Зеборӣ афзуд, ки тамрини бештари сарбозони артиши миллӣ боиси поин шудани мизони вобастагии онҳо аз артишҳои хориҷӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG